"Назм дарёи пурѓалаёну пуршўр, дунёи зебо ва хазинаи бебањои њар як адабиёт ба шумор меравад. Мањз боигарии адабиётро ќисми асосй назм аст. Адабиёти форсу тољик яке аз адабиётњои бойтарину ба чашм намоёнтарини адабиёти халќњои љањон ба шумор меравад. Ин адабиёт дорои гавњарњои ноёб ва ќиматбањо буда, нуфузу эътибори онро дар арсаи адабиёти љањон хеле боло мебардорад. Боигарй ва гавњарњои ноёби адабиёти мо ана њамон шоњкорињои бузурги гузаштагони мо дар соњаи назм ва наср мебошад.