Дар шеваҳо бисёр калимаҳое мављуданд, ки барои омўхтани таърихи забон, равшан кардани баъзе аз гўшаҳои торики таърихи инкишофи он кўмак мерасонанд, қисме аз калимаҳои шевагй дар роҳи муайян кардани таърихи халқи мо, мавзеъҳои сукунати вай дар марзи хеле паҳновар тарзи зиндагй,
аҳволи маишй ва мадании он дар гузашта ба сифати як бурҳон шоистаеро адо хоҳанд кард. Унсурҳои шевагй дар ҳалли бисёр муаоммоҳои забони адабии имрўза, хусусан, масъалаҳои гуногуни маданияти сухан аҳамияти калон дорад. Калимаҳои шевагй дар адабиёти бадей низ бисёр кар фармуда
мешаванд.