Яке аз мухимтарин вазифаҳо, ки истилоҳоти мактаби маълумоти умумї дар назди мактаб гузоштааст, ба меҳнати фоиданоки љамъиятї ва интихоби бошууронаи касб комилан тайёр кардани насли наврас мебошад. Вазифаи мураккаб ва серсоҳаи дар назди мактаби имрўза гузоштаи љамъият талаб менамояд, ки дарс ва усули гузаронидани он боз ҳам такмил дода шавад. Ҳоло сохт ва схемаи анъанавии дарсҳои пешин ,ки дар онҳо баёни муаллим мавқеи асосиро ишѓол мекард, як дараља таѓйир дода шудааст.