Метод ва методика аз лиҳози маънои луғавӣ узван ба ҳам алоқаманданд. Ин мафҳумот аз як реша таркиб ёфта, аслан баромади онҳо аз истилоҳи юнонии (metodos) мебошад, ки ба забони тоҷикӣ маъноҳои тарз, усул, равишро ифода менамояд. Яъне метод усули тадқиқу таҳқиқ, назарияи
дарки маърифат роҳҳои таҳлили амиқи илмӣ-фалсафии мафҳумотро мефаҳмонад.